БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ НАВРАСОН. Хонандагони шаҳри Душанбе бо шароити хизмати ҳарбии сарбозон шинос шуданд

02-05-2024
ДУШАНБЕ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ як гурӯҳ хонандагони шаҳри Душанбе бо роҳбаладии омӯзгорон бо маркази омӯзишии амалӣ — саҳроии Фахрободи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Зимни омӯзиш хонандагони Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо хусусияти тактикӣ – техникии техникаҳои зиреҳпӯши махсус шинос шуданд. Инчунин афсарон ба хонандагон тарзу усулҳои истифодаи яроқҳои ҷангӣ ва хусусияти тактикии онҳоро нишон доданд. Дар ҷараёни машғулияти саҳроӣ афсарон тарзи дуруст печондан ва истифода бурдани парашют ва аз баландии 20 метр ба поён фуруд омаданро ба хонандагон омӯзонданд.
Инчунин зимни машқҳои саҳроӣ сарбозон ба хонандагон намоиши театрикунонидаи гурӯҳи зудамалро, ки чӣ тавр душманро нест мекунад, намоиш доданд.
Дар хотима хонандагон бо ошхона, хобгоҳ ва ҳолати будубоши сарбозон шинос шуданд.