Баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон

02-05-2018
Андешаҳо  перомуни мақолаи омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Айнӣ Симонқул Файзуллоев «Омӯзгор», №9, аз 1-уми марти соли 2018
 Муаллиф дар мақолаи хеш зери унвони «Баҳо-оинаи дониш» дар самти баҳо додан ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дуруст қайд мекунад: 
 «Баҳо бояд ба сифати кор мувофиқ, объективона, дуруст ва ҳаққонӣ гузошта шавад», яъне ҳангоми баҳогузорӣ ба заҳмат ва донишу малакаи хонандагон беэътиноӣ, зоҳирпарастию шаклгароӣ  набояд ҷой дошта бошад. Бахусус, риоя нагардидан ба меъёри баҳодиҳӣ, ҳамчун ченаки дониш, боиси гуногунақидагӣ, дилсардии  хонандагон нисбат ба таълим ва норизоӣ дар байни онҳо мегардад.
Ҳангоми баҳодиҳӣ ба дониши амалию назариявии хонандагон ва эҷодкории онҳо салоҳиятҳои вай ба таълим ва иҷрои амал дар сатҳи маҳорат ба инобат гирифта мешавад. 
Пурсишу санҷиш яке аз усулҳои асосии баҳисобгирии дониши хонандагон маҳсуб меёбанд. Ҷавоби хонанда бояд мураттабу мантиқан дуруст бошад, маҳорату истеъдод, қобилияти эҷодкории вай эҳсос карда шавад. Дар вақти баҳогузорӣ омӯзгор бояд чунин меъёрҳоро ба назар гирад:
- мукаммалӣ ва дурустии ҷавоб;
-дараҷаи дониш ва дарки маводи омӯхташуда;
-ҳусни баён ва равонии нутқ;
-саҳеҳии афкору андеша;
-хулосабарории амиқи илмӣ;
- алоқамандии назария бо амалия;
- қобилияти эҷодкории хонанда;
-риояи меъёри забони адабӣ дар вақти ҷавоб додан;
-аз дарсҳои гузашта огоҳ будани  вай;
-ҳангоми ҷавоб додан худро озод ҳис кардани хонанда.
Илова ба он меъёрҳое, ки муаллиф дар мақолаи худ пешниҳод намудааст, омӯзгор ҳангоми гузоштани баҳои «5» метавонад чунин меъёрҳоро низ ба инобат гирад:
-хонанда фикрашро озодона баён карда тавонад;
-мулоҳиза ва андешаи худро бо мисолҳои мушаххас исбот кунад;
-нутқаш бурро, равон ва дар доираи забони адабӣ бошад;
-ба саволҳои иловагии муаллим ба пуррагӣ ҷавоб дода тавонад;
-аз порчаҳои назмӣ ва насрӣ калимаҳои душворфаҳмро шарҳу тавзеҳ  дода тавонад;
-барои исботи андешаҳои худ аз дигар сарчашмаҳо далел биёрад.
Хуллас, баҳодиҳии омӯзгор ба дониш, малака ва маҳорати хонанда аз омӯзгор масъулиятшиносӣ, дақиқназарӣ, ҳақиқатнигорӣ ва воқеъбиниро тақозо мекунад. Шаффофияти баҳогузорӣ ба донишандӯзии хонандагон ва ҳавасманд намудани онҳо ба таълим нақши бориз гузошта метавонад.
Б.ҲАЙДАРОВ,
корманди МҶТМ