Баҳогузории садхола ва подоши он

10-01-2019
Тӯли панҷ сол мешавад, ки дар Муассисаи таълимии хусусии литсейи  «Раҳнамо» ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошам. Литсей 677 хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифта, аз соли 2014 дар асоси барномаи таҷрибавӣ (пилотӣ) ба низоми нави баҳогузории садхола гузашт.
Чиҳати татбиқи амалии низоми баҳогузории мазкур дар литсей чунин шароитҳо фароҳам оварда шудааст:
1. Дар ҳар як синф аз 20 то 22 хонанда таҳсил мекунад, ки ин барои  боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.
2. Фазои солими ахлоқӣ муҳайёст, зеро  мушовир, омӯзгорон ва мураббиёни касбӣ фаъолияти хонандагонро ҳамеша назорат менамоянд.
3. Дарсҳои иловагӣ, маҳфилҳо ва бозиҳои зеҳнӣ ба роҳ монда шудааст.
4. Тарзи ҳаёти солим тавассути духтури литсей ва омӯзгорон назорат карда мешавад.
4. Хонандагон бо хӯроки гарм таъминанд. 
Бо дарназардошти талаботи замони муосир  ва равандҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, барои дар амал татбиқ намудани низоми баҳогузории садхола бо машварати Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ чунин тартиби воқеии баҳогузории садхола таҳия гардид ва   таркиби баҳои хонанда дар як дарс чунин аст:
1. Иштирок дар дарс - 20 хол
2. Рафтор  - 20 хол
3. Иҷрои вазифаи хонагӣ - 30 хол
4. Фаъолият дар дарс - 30 хол
Дар  рафти фаъолият ин нишондод такмил ёфта, таркиби он боз чунин муқаррар   шудааст:
1. Иштирок ба дарс. Ҳангоми баҳогузорӣ барои иштирок дар дарс чунин нуктаҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: ҳозир будан дар дарс - 5 хол, дер наомадан ба дарс  - 5 хол, то охир дар дарс будан  - 5 хол, таъминот бо ашёи хониш - 5 хол.
2.  Рафтор. Ҳангоми баҳогузорӣ ба рафтори хонанда нуктаҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: ахлоқи хонанда дар вақти дарс - 5 хол, ахлоқ дар муҳити литсей - 5 хол, риояи либоси мактабӣ - 5 хол, тозагӣ - 5 хол.
3. Иҷрои вазифаи хонагӣ. Ҳангоми баҳогузорӣ ба иҷрои вазифаи хонагӣ чунин нуктаҳо ба назар гирифта мешавад: - миқдори иҷро -15 хол, мустақилона иҷро намудан  - 15 хол.
4. Фаъолият дар дарс. Ҳангоми баҳогузорӣ барои фаъолият нуктаҳои зерин ба назар гирифта мешавад: ҷавоб ба саволҳо - 15 хол, иҷрои кори синфӣ - 15 хол.
Бояд гуфт, ки низоми  пештараи баҳогузорӣ фақат сатҳи дониши хонандаро дар назар дошт ва пурра  фаъолияти ҳаматарафаи ӯро инъикос намекард. Низоми нави баҳогузорӣ бошад, дар баробари сатҳи дониш, маҳорат, қобилият ва рафтори хонандаро низ дарбар мегирад. Яъне, ба ҳама намуди фаъолияти хонанда, аз қабили иштирок дар дарс, иҷрои вазифаи хонагӣ, муносибат бо ҳамсинфон, омӯзгорон, ҳисси масъулият, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, ташаккули шахсият ва дараҷаи азхудкунии барномаи таълимӣ баҳо гузошта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки низоми баҳогузории садхола барои омода кардани хатмкунандагон ва дохил шудани онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ нақши муҳим мебозад.  Зеро он ба ҳама гуна нофаҳмиҳо, баҳсу талошҳо дар мавриди баробарарзишии холҳову санадҳои муқарраргардидаи таҳсилот байни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар нуқта мегузорад.  Ин бори дигар волидонро водор менамояд, ки оид ба масъалаи азхудкунии барномаи таълимӣ дар раванди таҳсили фарзандон чора андешанд ва ба умеди дигарон нашуда, ҷиҳати омӯхтани донишҳои зарурӣ имкониятҳоро барои фарзандон ба монанди омӯзиши дарсҳои инфиродӣ аз фанҳои алоҳида, ки ба касби интихобнамудаи онҳо зарур аст, мусоидат намоянд. Чунки ҷорӣ шудани низоми тестӣ тақозои замони муосир буда, баҳогузории бисёрхола бошад, таъминкунандаи баробарарзишии дониш, маҳорат, малака ва қобилияти фарзандони онҳост.
Амалӣ гардидани баҳогузории садхола ҷаҳиши устуворе дар самти рушди маориф мебошад ва дастоварди литсейи «Раҳнамо» низ дар ҳамин таҷассум ёфтааст.
Лочиной Мамадҷонова, 
омӯзгори литсейи «Раҳнамо»