БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР МУАССИСА

29-06-2024
Субҳи имрӯз дар ҳошияи аксияи “Тозагӣ дар муассиса”, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор карда шуд.
Дар шанбегии мазкур ҳайати устодону кормандони Академия фаъолона ширкат намуда, дар ободонии саҳн, утоқҳои корӣ, гирду атрофи муассиса ва кучаву хиёбонҳои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе саҳми худро гузоштанд.
Мақсад аз ташкил ва баргузории чунин шанбегии мазкур тозаву озода нигоҳ доштани муассиса ва таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки минбаъд низ аз ҷониби устодону донишҷӯён, кормандон ва истиқоматкунандагони хобгоҳ чунин шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешавад.