БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БАДАХШОН - НИГИНИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

14-06-2023
14 июни соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Бадахшон - нигини Тоҷикистон» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дарсҳои намунавӣ дар мавзуи «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои химия, биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ» барои омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия баргузор шуд. Дар он ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода, муовини соҳавии раиси ноҳия Диловар Қосимӣ ва омӯзгорону кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар сиёсати давлатии хеш дар ҷойи аввал қарор дода барои рушди он тамоми чораҳои муҳим ва заруриро меандешад. Вазорати маориф ва илм дар ин росто барои таълими босалоҳият дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани аксияи ҷумҳуриявии «Бадахшон -нигини Тоҷикистон»-ро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин аксия ба омӯзгорони фанҳои дақиқ ёрии методӣ расонида шуда, сатҳи касбияти онҳо баланд бардошта мешавад.
Муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои химия, биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ тақозои замон буда, дар рушди соҳаи маориф ва тақвияти донишу малакаи хонандагон аҳамияти зиёд дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон