БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ АВГУСТ

29-08-2023
29 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, сардорони сарраёсату раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки соли хониши 2023-2024 оғоз мешавад ва дар ин шароит кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд барои рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, таълими босалоҳият дар раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Дар идома ҳисоботи сардори раёсати маорифи вилояти Суғд М.Набизода оид ба вазъи соҳаи маорифи вилояти Суғд дар соли таҳсили 2022–2023 шунида шуд. Қайд гардид, ки иштирок ва ғолибияти хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, муҷаҳҳазнамоии кабинетҳои фаннӣ ва иҷрои дигар барномаву стратегияҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи маорифи вилоят дар ҳоли рушд қарор дорад.
Дар рафти баррасии масъалаи мазкур вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати масъалаҳои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, зиёд намудани шумораи марказҳои инкишофи кӯдак, ҷалби мутахассисони ҷавон ба фаъолияти омӯзгорӣ, беҳтар ва назорат намудани фаъолияти мактабҳои русӣ дар вилоят, аз ҳолати садамавӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ, идомаи таҳсил баъди хатми синфи 9, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба таҳсил фаро гирифтани довталабон аз минтақаҳои дурдаст тариқи квотаи президентӣ, омода намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ба оғози соли нави хониш ва давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, таъини кадрҳои варзида ба вазифаҳои роҳбарикунанда, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ бояд чораандешӣ шавад.
Сипас гузориши сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ оид ба вазъи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм шунида шуд.
Зимни баррасии ин масъала Раҳим Саидзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои баробарарзишии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии забони таълимашон русӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорони фанни забони русӣ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати таҳсилоти олӣ ва илми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷалб намуд.
Дар идома масъалаҳои китоби дарсии «Ботаника» барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Султонов Сайдалӣ, Давлатзода Сайфиддин, Нигмонов Муқбил, Баротов Камолиддин, Ғайратов Меҳровар), китоби дарсии «Математика» барои хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Шарифзода Асадулло, Қодиров Нарзулло), китоби дарсии «Геометрия» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Бурҳонов Усто, Шарифов Ҷумъа), китоби дарсии «Алгебра» барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Алиев Боймурод), китоби дарсии «Зоология» барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Сатторов Тоҳирҷон), китоби дарсии «Технология (Таълими меҳнат барои духтарон)» барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: М. Давронӣ, М. Алиева, Р. Рустамова, К. Обидова), китоби дарсии «Технология (Таълими меҳнат барои писарон)» барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: С. Раҳимов, А. Азизов, С. Исломов, Ш. Азизов), китоби дарсии «Физика» барои хонандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Маҷидов Ҳамид, Нозимов Отаҷон), китоби дарсии «Экология» барои хонандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Давлатов Абдулло, Исозода Комилшо, Саидов Мурод), китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Тоиров Урватулло, Солеҳов Мирзо, Ширинзода Наҷмиддин), китоби дарсии «Маърифати оиладорӣ» барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Раҳимзода Хуррам, Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад, Назирӣ Латофат, Амонов Нодир), китоби дарсии «Технология (Таълими меҳнат)» барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: А. Азизов, С. Раҳимов, М. Нуриддинова, А. Додоҷонов, М. Қосимов), китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (муаллифон: Нурзода Амирҷон, Ҷӯраева Гулсара), китоби дарсии «Андоз ва андозбандӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Т. Р. Ризоқулов, Д.Ҷ. Сабуров, В. Д. Сабуров), китоби дарсии «Асосҳои биологии кишоварзӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Б. Р. Расулзода), китоби дарсии «Буҷет ва низоми хазинадорӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Ҳикматов Сафаралӣ, Икромов Фазлиддин, Саъдизода Ҷаҳоншоҳ), китоби дарсии «Геодезияи муҳандисӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: М. Р. Раҳматов), китоби дарсии «Механизми ҳимояи ҳуқуқи инсон» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, Раҳмон Дилшод Сафарбек, Миралиев Исфандиёр Қарахонович, Саъдизода Ҷаҳонгир, Искандаров Шарафҷон Фахриддинович, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, Сафарзода Некрӯз Файзӣ), китоби дарсии «Сотсиология» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Баҳромбеков Вафобек Аҳмадбекович, Миров Фирӯз Сафаралиевич), китоби дарсии «Фаъолияти бонкӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Л. М. Ҳалимова, Ҷ. И. Бобоев, Ҳ. С. Одинаев), китоби дарсии «Электродинамика» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: С. Ш. Раҳимов, Ф. Ҷалилов, Д. Н. Мирзоев) мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ҳайати мушовара тасдиқ карда шуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯёне, ки тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ такроран ҳуҷҷат месупоранд, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон