БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ИЮЛ

27-07-2023
27 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки дар шароити феълӣ кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд барои рушди соҳа ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Дар идома масъалаҳои “Тартиби раванди амалишавии лоиҳаҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи китоби дарсии «Русская речь» (Нутқи русӣ) барои хонандагони синфи 3-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Кострикова Мария Василиевна)”, “Дар бораи китоби дарсии «Забони англисӣ» барои хонандагони синфи 3-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Саидов Абдураҳмон)”, “Дар бораи китоби дарсии «Забони англисӣ» барои хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Саидов Абдураҳмон)”, “Дар бораи китоби дарсии «Ифтихори ватандорӣ» барои дарсҳои тарбиявии хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Муродиён Ҳасан, Қурбонзода Хоналӣ, Расулиён Қаҳҳор)”, “Дар бораи китоби дарсии «Алифбо ва матни ниёгон» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Байзоев Азим, Кабиров Шаҳбоз)”, “Дар бораи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Аминов Сайдамир)”, “Дар бораи китоби дарсии «Санъати тасвирӣ» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Бойназаров Бойназар, Довутова Меҳрангез)”, “Дар бораи китоби дарсии «Физика» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Файзи Нормурод) Сайидҷаъфари Қодирӣ)” ва дигар номгӯйи китобҳои дарсӣ, ҳамчунин, “Низомномаи намунавӣ оид ба ташкили таҳсилоти дуалӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои қабули фарзандони аъзои диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ (квота) ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мувофиқа бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия намуда”, “Харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯйи бахшҳо ва модулҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиби ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиби таҳия ва тасдиқи нақша ва барномаҳои таълим барои курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои коргарӣ”, “Нақшаи таълимии намунавии курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои коргарӣ”, “Тартиби эътироф ва муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти умумӣ дар хориҷи кишвар”, “Тартиби ташкили таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ҳайати мушовара тасдиқ карда шуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯёне, ки тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шудаанд, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон