БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ИЮН ...

25-06-2024
25-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсат ва мудирону кормандони шуъбаҳои маорифи кишвар ва дигар кормандони соҳа ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки дар шароити феълӣ кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд барои рушди соҳа, татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад.
Сипас, гузориши директори Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм Н. Давлатзода “Оид ба рафти корҳои иҷрошуда дар Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гузориши ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода “Оид ба ҳолати такмили ихтисоси омӯзгорон дар сатҳи минтақа ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Куҳистони Мастчоҳ, Дарвоз, Мастчоҳ, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор, Норак, Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳринав” ва гузориши и.в. сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат А. Каримов “Оид ба таҳлили натиҷаи сафари хизматии кормандони дастгоҳи марказӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои тобеи вазорат ба хориҷи кишвар” шунида шуд.
Дар масъалаҳои иловагӣ бошад, гузоришҳо вобаста ба тасдиқ намудани Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2024, тағйирот ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, 3/12, баррасии адабиёти таълимӣ ва тасдиқи онҳо, манзури ҳозирин гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани ҳамкорӣ бо шарикони рушд, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон