БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ЯНВАР

29-01-2024
29 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва раёсати маорифи вилояти Суғд ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Ҷамшед Ҷӯразода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаҳои маориф ва илми кишварро мебояд барои рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Сипас ҳисоботҳои сардори раёсати маорифи вилояти Суғд М. Набизода “Оид ба вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар соли таҳсили 2023-2024 дар вилояти Суғд”, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳ. Абдуалимзода “Оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023”, сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм “Оиди иҷроиши Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода «Оид ба баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи «Низомномаи мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар”», сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода “Дар бораи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ” барои хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ Н. Мирзозода “Оид ба тасдиқи “Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар соли таҳсили 2024-2025”” ва “Оид ба тасдиқи “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025”” шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъалаи мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм қайд намуд, ки фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштаи мақоми омӯзгор дар ҷомеа, тақвият бахшидани неруи зеҳнии хонандагон, ҷалби бештари хонандагон ба марказҳои таҳсилоти иловагӣ, қабули довталабон тибқи квотаҳои президентӣ ва имтиҳонҳои ММТ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, иштироки хонандагону донишҷуён ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, зиёд намудани устодону омӯзгорони дорои унвони илмидошта аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба фарогирии бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак, иҷроиши саривақтии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ» барои хонандагони синфҳои 8-11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳаи маориф бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
Дар идома масъалаҳои пешниҳоди адабиётҳои таълимӣ “Барномаи таълимӣ барои падару модароне, ки тарбияи кӯдакони инкишофи махсусдоштаро ба дӯш доранд” барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва волидон (мураттибон: И. Х. Каримова, Л. Иматзода С. Шербоев, Ш. Котибова), “Дастури методӣ барои психологи муассисаи томактабӣ” барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва волидон (мураттибон: Абдураҳмонов Гулрӯз, Акрамова Моҳрухсор), “Китоби дарсии “Бостоншиносӣ” (Археология) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: М. Каримов, А. Валиев, М. Шарипов), “Китоби дарсии “Гистология” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллиф: Д. А. Шукурова), “Китоби дарсии “Идоракунии ходимон” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: Асророва Мавлуда Абдушукуровна, Норматова Шаҳноза Маноновна, Шамсиев Фурқатҷон Каримович, Насруллоҷонова Шавкатмоҳ Абдуқодировна), “Китоби дарсии “Кимиёи кишоварзӣ” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллиф: М. Т. Ҳотамов), “Китоби дарсии “Методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллиф: М. Маҳкамов), Китоби дарсии “Механика” барои донишҷӯёни равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: А. Неъматов, С. М. Сияҳаков, А. Г. Мирзомамадов), “Китоби дарсии “Низоми истифодаи нуриҳо” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллиф: М. Т. Ҳотамов), “Китоби дарсии “Педагогикаи мактаби олӣ” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: Мирализода Абдусалом, Латофат Назирӣ), “Китоби дарсии “Русский язык” (Забони русӣ) барои донишҷӯёни курси якуми факултетҳои иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: Рустамова Гуландом Рустамовна, Аликулова Сабрина Тилавовна, Ҳусейнзода Лола), “Китоби дарсии “Социология” (бо забони русӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: М. М. Азимова, Ф. Р. Одилов), “Китоби дарсии “Стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва стандартҳои байналмилалӣ” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: И. Ғаниев, Н. Ҷ. Рашидов), “Китоби дарсии “Таҳия ва қабули қарори идоракунӣ” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: Асророва Мавлуда Абдушукуровна, Норматова Шаҳноза Маноновна, Шамсиев Фурқатҷон Каримович, Азизова Наргис Хуршедовна), “Китоби дарсии “Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллифон: Н. Д. Вализода, Д. А. Ғафурзода, А. И. Имомёрбеков, П. А. Насуриён, С. Н. Нуриддинзода, А. Ш. Одиназода, Р. Р. Раҳматҷонзода, М. П. Ҳайдарзода, Ф. Р. Шарифзода, С. Ш. Шарифзода, П. Р. Шарифзода) ва “Китоби дарсии “Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо” барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (муаллиф: Идизода Файзалӣ Фузайлшо) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз баргузории ҷаласа ба як қатор мушовирони китоби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои Вазорати маориф ва илм тақдим карда шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон