БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ МАЙ

29-05-2024
29-уми майи соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, қайд кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маориф ва илми кишварро мебояд барои рушди соҳа, ҷиҳати амалигардонии стратегия ва барномаҳои давлатӣ ва беҳтар намудани сифати таҳсилот саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Сипас, ҳисоботи сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии вазорат Умед Ҳасанзода «Оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо ба маводи сӯхт (аз ҷумла ангишту ҳезум)» ва ҳисоботи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода "Оид ба фаъолияти муассиса дар соли таҳсили 2022-2023» шунида шуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯри бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон додашуда, ба масъулин доир ба ҷалби бештари кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда, назорати имтиҳонҳои хатм дар муассисаҳои таълимӣ, баргузории озмунҳо ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон