БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯ” ДАР ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

11-07-2024
11 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” ҷаласаи ҳисоботӣ  доир ба фаъолияти Муассиса дар шашмоҳаи соли 2024  баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи ҳисоботӣ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” - Муҳаммадраҷабзода Комрон Муҳаммадраҷаб инчунин роҳбарони марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ва кормандони онҳо ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуданд.
Нахуст, дар кори ҷаласа гузориши директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”  Муҳаммадраҷабзода Комрон Муҳаммадраҷаб оид ба “Фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар шашмоҳаи соли 2024” шунида шуд.
Баъдан, дар рафти ҷаласа муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло вобаста ба фаъолияти муассиса дар шаш моҳи соли 2024, инчунин амалӣ намудани консепсияву барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки фаъолияти меҳнатии маъмурияту кормандони муассиса боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад ва барои  иҷрои вазифаҳои зерин афзалият дода шавад:
- ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳо андешида шавад.
- вобаста ба татбиқи озмоишии (пилотии) Системаи иттилоотии идораи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пилотӣ (Турсунзода, Темурмалик) чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
- ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ инчунин, оид ба муҳофизат ва бехатарии маълумот ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шавад.
- истифодаи мақсадноки компютерҳо ва дар ҳолати коршоямӣ қарор доштани онҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад.
Дар фароварди ҷаласаи ҳисоботӣ “Доир ба фаъолияти Муассиса дар шашмоҳаи соли 2024” ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани кабудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.