БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРА “ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024”

06-07-2024
6 июли соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомиддинзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият ҷаласаи мушовара “Доир ба фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи соли 2024” баргузор гардид.
Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи якум сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар дар шашмоҳи соли 2024 баромад намуданд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар санаи 30-уми майи соли 2024 тамоми самтҳои фаъолияти маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии онро бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон, илму маорифро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва аҳли маорифу илмро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати аҳли маориф дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд.
Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он барнома ва иқдомҳои ҷадидро роҳандозӣ намуда, дар ин самти муосиркунонии соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ба дастовардҳои бесобиқа заминагузорӣ намуданд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ назир надорад.
Инчунин, маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳо дар соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда он сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Шуруъ аз ҳамин моҳ ба ҳаҷми 40 фоиз зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, таъсиси унвон ва ҷоизаҳои гуногун барои мураббиёну омӯзгорон ва роҳбарои муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар, қадрдонии заҳматҳои омӯзгорону мураббиён, ки шогирдонашон дар озмунҳои гуногун дастболо мегарданд, ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои касбӣ аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ, сафарбар намудани кормандони соҳа ба таҷрибаандузӣ бозомӯзӣ ба хориҷи кишвар бешак далели таваҷҷуҳи бесобиқаву доимӣ нисбати соҳаи маориф ва фаъолияти омӯзгорӣ буда, дастгириву ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва ташаббусу иқдомҳои маорифмеҳваронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои рушди соҳаи маорифи пойтахт, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иљрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нияти нек ва азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як сокини пойтахт, ки ҳадафи асосии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳиссагузор бошем.
Роҷеъ ба дастовардҳои аҳли маорифи пойтахт дар чаласаи шурои шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт доир ба фаъолият дар шашмоҳи соли 2024 маълумоти муфассал манзур гашт, ки барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳа ба ҳар яки Шумо, ки сидқан, бо дилу нияти нек, ба хотири ояндаи миллат заҳмат кашидед, изҳори сипоси беандоза менамоям.
Бояд қайд кард, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 163 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 32123 нафар кӯдак фаъолият намуда истодааст, ки 96 адад муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 56 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ, 11 адад назди ташкилоту идораҳо мебошанд.
Бо мақсади рушди рақобатпазирӣ, гирифтани иттилои дақиқ оид ба мавқеъ ва муайян намудани муассисаҳои таълимие, ки таҳсилоти нисбатан сифатнокро ба роҳ мондаанд, рейтинги муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе мутобиқ ба “Номгӯй ва нишондодҳо барои муайян намудани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе” муайян шуда, минбаъд ҷиҳати арзёбии натиҷаи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ҳамасола гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, беҳтарин муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар шаҳри Душанбе 201 адад муассисаи таълимӣ бо фарогирии 285378 нафар хонанда фаъолият менамояд, ки ин шумора дар ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2 адад ва 10458 нафар зиёд аст.
Айни замон, дар муассисаҳои таълимӣ 11731 нафар омўзгор фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 252 нафар зиёд мебошад.
Бояд қайд кард, ки 85 фисади омӯзгорон дорои таҳсилот олии касбӣ ва 34 фисад бо дараҷаи тахассуси олӣ ва ҳамзамон 6 доктори илм ва 78 номзади илм фаъолият дорад.
Дар 46 курсҳои баландбардории маҳорати касбии омўзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф 1119 нафар шунаванда иштирок намуд, ки 109 % -и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Муваффақияти дигари соҳаи маорифи пойтахт ин пеш аз ҳама ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон тавассути Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе мебошад.
Айни замон, дар 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish”- татбиқ шуда истода, фаъолияти 10456 нафар (89,1%) омӯзгор ва ҷараёни таълими 250031 нафар (87,6 %) хонанда тибқи барномаи мазкур назорат гашта, аз он 207725 нафар волидайн интифода мебаранд.
Мутобиқи Низомномаи олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаи фанни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 13 фанни таълимӣ сурат гирифт.
Аз шаҳри Душанбе 1676 хонанда миёни хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида аз ин шумора 812 нафар (ҷойи якум 58 нафар, дуюм 179 нафар, ҷойи сеюм 574 нафар) бо назардошти ғолибони олимпиадаи SPELLING BEE ва “Шоҳмот” тавонистанд сазовори ҷойҳои аввал дар ҷумҳурӣ гарданд.
Дар шашмоҳ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт бо теъдоди 331 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ, зеҳнӣ, лоиҳавӣ) иштирок намуда, аз ин шумора 281 нафар ғолибият ба даст оварданд. Ин дастовардро натиҷаи ҳамкории судманд бо Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт арзёбӣ намудан мумкин аст.
Бояд таъкид кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати наврасону ҷавонон, бедор сохтани ҳисси ифтихори миллӣ дар ниҳоди онҳо ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ омўзонидани ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ рисолати ҳар як омўзгор ба ҳисоб меравад.
Дар идома Исмоилзода Баҳром қайд намуданд, ки аҳли маорифи пойтахт баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиќи амалии вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда, бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи шаҳрдорӣ аз тамоми имконоту шароити пойтахти кишвар самаранок истифода намуда, рисолати касбиву инсонии худро дар назди Ватан, ҷомеа, наслҳои имрӯзу фардо содиқона иҷро менамоянд.
Зеро аҳли маориф ҳамовоз ва руҳбаланд аз иқдомҳои наҷибу созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, ғамхориҳои рузафзуни шаҳрдорӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бори дигар вазифадор менамояд, ки фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.
Дар ҷамъбаст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур изҳори боварӣ намуданд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия, минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Асомиддинзода, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияи ноҳияи Сино Б.Амируллозода, ноҳияи Шоҳмансур Мусоҷонзода Ҷ. М. фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Сипас, ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқукӣ-ойини худшиносӣ” бо Ифтихорнома ва ҷоизаҳои пулӣ, инчунин омӯзгорони онҳо ва барои ҳакамӣ намудану таъмини шафофият ҷиҳати гузаронидани даври шаҳрии озмуни мазкур аъзои ҳакамон бо сипосносаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва қадрдонӣ гардиданд.
Боиси зикр аст, ки дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ – ойни худшиносӣ” 24 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмун фаъолона ширкат варзида, дар натиҷаи баҳодиҳии аъзои ҳакамон ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон 6 нафар беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ҳамзамон, Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ, МТМУ №92-и ноҳияи Сино, МТТ №136-и ноҳияи Сино ва МТТ №40-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои иштироки фаъолона дар Озмуни шаҳрии “Беҳтарин кабинети методӣ” бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Маркази матбуотии Сарраёсати
маорифи шаҳри Душанбе