БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

05-04-2023
5-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар се моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ кард.
Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои соҳаи маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, доир ба рушду нумуъ ва мавқеи он дар ҷомеаи муосир чунин таъкид карданд: “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.
Дар робита ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат мо – кормандони соҳаи маорифро мебояд, ки вазифаҳои худро сари вақт ва босифат иҷро намуда, ҷиҳати рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ва дигар дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷаҳду талоши худро дучанд намоем.
Сипас, дар қисмати музокира суханронии Мумин Шарифзода– ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Хуршед Сафарзода – директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода ва Қурбоншо Абдуллозода– директори мактаби президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғара шунида шуда, аз ҷониби онҳо Ҳисоботи вазири маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар се моҳи аввали соли 2023 қаноатбахш эътироф карда шуд.
Дар охир миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи маориф иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон