БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН !!!

11-07-2023
11 июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Эмомалӣ Насриддинзода – Ёрдамчии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Анушервон Амонзода – сармутахассиси Вазорати молия, Файзиддин Қурбонзода – намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Муҳаммадтоҳир Саидзода – директори Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Уктам Олимзода – муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Иброҳимзода – муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ кард.
Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатдории муосири тоҷикон эътироф намуда, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутаххасисони соҳибтаҷриба ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҳориҷӣ тамоми чораҳоро меандешад.
Сипас, дар қисмати музокира суханронии Музаффар Холиқзода – директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Ҷамила Давлатзода – директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ва Шодигул Қонунзода – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ шунида шуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи шашмоҳаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Насриддинзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст, ду масъалаи асосӣ: таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии сахт дорад, вазифаи ҷонии кормандони соҳа ба шумор меравад.
Дар охир миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон