Баргузории ҷаласаи нахустини Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар

27-02-2023
27 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҷаласаи нахустини Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Ҷӯразода Ҷамшед – муовини якуми вазири маориф ва илм, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз намуда, ба ҳозирин аз номи вазири маориф ва илм, Саидзода Раҳим Ҳамро ва ҳайати мушовараи вазорат барои фаъолияти самарабахш ва иштирок дар ҷаласа изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҷамшед Ҷӯразода қайд кард, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷўёнаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.
Сипас, ҷаласа тибқи рӯзнома баргузор гардида, дар он 4 масъала:
-интихоби раис, муовинон ва котиби Шуро;
- баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои соли 2023;
-баррасии масъалаи “Оид ба ҳолати маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти касбии зертобеи вазорат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе”;
-таҷрибаи фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз ҷониби Рамазон Абдуллозода - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои минбаъдаи Шурои мазкур тибқи нақша ба роҳ монда мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қабл аз баргузории ҷаласаи мазкур дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодони донишгоҳ баргузор гардид.
Маркази марбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон