БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИСОҲАВӢ ОИД БА ҒИЗОИ МАКТАБӢ

13-02-2024
13 феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ бо иштироки Дилшод Сафарзода - муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии ҷумҳуриявӣ оид ба ғизои мактабӣ ва намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. 
Зимни сухани ифтитоҳӣ Дилшод Сафарзода аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъмини хонандагон ба ғизои мактабиро дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат боиси рушди зеҳниву ҷисмонии кӯдакон унвон кард.
Дар ҷаласа масъалаҳои актуалии таъминоти ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, амалишавии «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ва нақша барои соли 2024  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми марказӣ тибқи ваколатҳои худ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, хусусан Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали  Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Институти ғизои соҳавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад  то ба ҳадафҳои гузошташуда ноил шавад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар назди Вазорати маориф ва илм бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бахши ғизои мактабӣ фаъолият менамояд. 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон