БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ АПРЕЛ

24-04-2023
24-уми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ ҳисоботи сардори раёсати илм ва инноватсия С. Ниёзӣ дар бораи “Вазъи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд” шунида шуд.
Раиси ҷаласа масъалаҳои сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди қабули довталабон, зиёд кардани устодони дараҷаву унвони илмидошта, беҳтар кардани фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо, дастгирии омӯзгорон дар ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир, кушодани шуроҳои диссертатсионӣ, тарбияи олимони ҷавони самти илмҳои дақиқ ва техникӣ, ҳавасмандкунонии олимони ҷавон, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, ҷалби омӯзгорони унвони илмидошта ба донишкадаву донишгоҳҳо, омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи геология, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии хориҷӣ, таҳияи стандарти давлатӣ дар зинаи магистратура, аспирантура, доктор Phd ва гузаштан аз аккредатсияи байналмилалиро баррасӣ намуда, ба масъулин вобаста ба масъалаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, ҳисоботи муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ С. Исвализода оид ба вазъи иҷрои “Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Вазири маориф ва илм оид ба таҷҳизонидани кабинетҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки омӯзгорону донишҷуёни донишкадаву донишгоҳҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан озмунҳои ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки бевосита таҳти сарпарастии Пешвои миллат баргузор мешаванд, изҳори назар намуд.
Дар охир, раиси ҷаласа бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон