БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ МАЙ

26-05-2023
26 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Л.Абдухолиқзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Нозакзода “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон”” шунида шуд.
Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба омӯзгорони ҷавон, сода намудани тартиби додани қарз ба омӯзгорони ҷавон, дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин намудани омӯзгорони ҷавон ба заминҳои наздиҳавлигӣ, омода намудани лоиҳаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат барои омӯзгорони ҷавон, бурдани корҳои ташвиқотӣ ҷиҳати аз имтиёзҳо бархӯрдор кардани омӯзгорони ҷавон ҷалб намуда, дастур дод, ки нисбат ба масъалаҳои мазкур чораҳои судманд андешида шавад.
Сипас, ҳисоботи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М.Саломиён “Оид ба омӯзишу таҳқиқи сатҳи салоҳиятҳои касбии омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба татбиқи талаботи муносибати босалоҳият ба таълим” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаи дуюм раиси ҷаласа қайд намуд, ки ҷиҳати истифодаи аёниятҳо дар рафти дасргузарӣ, истифода аз муносибати босалоҳият дар раванди таълим, ташкил намудани дарсҳои онлайнӣ барои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба муносибати босалоҳият ба таълим, таҳия ва коркарди маводҳои иловагии таълимӣ вобаста ба муносибати босалоҳият, дастгирии методии омӯзгорон, ташкили семинари омӯзишӣ бо омӯзгорон аз ҷониби кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, пешниҳоди шахсони арзанда барои дарёфти унвон ва мукофотҳои давлатӣ ибрози андеша намуда, бо масъулин масъалаҳои дар боло зикргардидаро баррасӣ намуд.
Дар идома ҳисоботи мудири бахши таҳсилоти томактабӣ Қ.Муҳиддинзода “Оид ба вазъи иҷрои талаботи стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров” шунида шуд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъала ҷиҳати гузаронидани аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, тибқи иҷозатнома фаро гирифтани кӯдакон ба тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, гузаронидани машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ тибқи Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ “Рангинкамон” ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта то 01.09.2023 андешаронӣ кард.
Вазири маориф ва илм ба сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ҷиҳати ҷамъбасти соли хониш, гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва имтиҳонҳои хатм, ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона дастурҳои қатъӣ дод.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, инчунин, таваҷҷуҳ намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорию китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ ва ҷалби хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон