БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ФЕВРАЛ

21-02-2024
21 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, сардорони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд.
Сипас ҳисоботҳои сардори бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Зиёева оид ба «Рафти корҳои иҷрошуда дар бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои замимаи 4 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №626 дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва маблағҳои грантии ҷудогардида барои ғизои мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ» ва сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода оид ба «Вазъи таълиму тарбия, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва вазъи ҳуҷҷатдорӣ дар литсею гимназияҳои мақоми маҳаллидоштаи шаҳри Душанбе» шунида шуд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои мазкур қайд намуд, ки таъмини хонандагон бо ғизои солим яке аз омилҳои болобарандаи қобилияти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» тасдиқ гардидааст.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои беҳтар намудани ғизои мактабӣ ва фарогирии бештари муассисаҳо, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо вобаста ба ғизои мактабӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, мусоидат дар раванди банақшагирӣ ва тартиби буҷети ғизои мактабӣ, расонидани кӯмаки тахассусӣ ва баланд бардоштани зарфияту иқтидори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, боло бурдани неруи зеҳнии хонандагон, иштироки бештари хонандагони муассисаҳои типи нав дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва пурра бартараф намудани норасоии кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин аз ҷониби вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон