БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ ИЮН

20-06-2023
20 июни соли ҷори дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷаласаи назортӣ баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода оғоз намуда, дар идома ҳисоботи Н.Саломиён - директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо оид ба ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2023 ва таҳлили сифатии он, Н.Зайниддинзода – директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ оид ба вазъи пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои харидории китобҳои бадеӣ ва маводди таълимӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал дар соли 2022 ва Д.Сафарзода – сардори раёсати сохтмони асосӣ оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи Вазорати маориф ва илм амалӣ карда мешавад, шунида шуд.
Н.Саломиён зимни баромади худ иброз намуд, ки тайи солҳои охир яке аз ҳадафҳое асосие, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтаву аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дар татбиқи самарабахши он Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ҳамчун мақоми муваззафу ваколатдор саҳм гирифта истодааст.
Дар ин раванд вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардонии Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №113) алҳол дар ҷумҳурӣ барои зинаҳои 2-юм ва 3-юми таҳсилот 24 номгӯй олимпиадаҳои фаннӣ баргузор карда мешаванд, ки барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла ҷалбу фарогирии шумораи зиёди наврасону ҷавонон ба ҳаракатӣ олимпӣ мусоидат менамоянд.
Сипас раиси ҷаласа зимни баромади Н. Зайниддинзода ва Д.Сафарзода таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта ҷалб намуда, таъкид кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, раванди маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои харидории китобҳои бадеӣ ва маводи таълимӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода шавад.
Ҳамчунин, барои назорат ва сари вақт ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳоитаълимӣ, ки айни замон сохтмони онҳо идома дорад, супоришҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамчунин, барои назорат ва сари вақт ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳоитаълимӣ, ки айни замон сохтмони онҳо идома дорад, супоришҳои дахлдор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон