БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

06-07-2024
6-уми июли соли равон бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм, роҳбарону аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ ва муаллифони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.
 
Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илм аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо назардошти инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ таҳия шудани онҳо ёдовар шуд.
 
Сипас, аз ҷониби директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон Наврӯзи Ҷумъамурод адабиёти таълимии барои муҳокима пешниҳодшуда муаррифӣ гардид.
Номбурда иброз дошт, ки ба ҷаласаи Шурои миллии таҳсилот дастхати 81 номгӯй адабиёти таълимӣ, аз қабили китобҳои дарсии фанни забони русӣ аз синфи 1 то 11 ва забони давлатӣ аз синфи 2 то 11 барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои дарсии фанни забони русӣ аз синфи 2 то 11 барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикии ҷумҳурӣ, 10 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони туркмании ҷумҳурӣ, инчунин 30 номгўй китоби дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пас аз арзёбӣ аз ҷониби муассисаҳои экспертӣ пешниҳод гардидааст.
 
Иттилоъ дода шуд, ки китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русии ҷумҳурӣ ва дар навбати худ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ дар доираи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия таълиф шуда, мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҷониби гурӯҳи муаллифони ҳар ду кишвар мутобиқ гардонида шудааст.
 
Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Туркманистон барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони туркмании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як теъдоди китобҳои дарсӣ аз забони тоҷикӣ тарҷума ва теъдоди дигар мутобиқ гардонида шуда, то оғози соли нави таҳсил нашри онҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.
Вобаста ба масъалаи мавриди назар раиси ҷаласа роҳбарони муассисаҳои масъули соҳаи таҳияи китобҳои дарсиро вазифадор намуд, ки қабл аз нашри китобҳои дарсӣ барои ақаллиятҳои миллӣ ба масъалаҳои дурустии тарҷума, риояи талаботи хусусиятҳои миллӣ ва принсипи тарбияи шаҳрвандони Тоҷикистон дар руҳияи ватандӯстӣ, фароҳам сохтани муҳити дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни халқу миллатҳои гуногуни Тоҷикистон, эътирофи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва халқиятҳои маскуни Тоҷикистон, эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ва забонҳои ақаллиятҳои миллӣ диққати махсус дода шавад.
 
Ҳамзамон ҷиҳати ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондани тартиби ташхиси адабиёти таълимӣ, бо дарназардошти талаботи нақшаҳои таълимӣ, стандарт ва барномаи таълим, принсипи муносибати босалоҳият ба таълим таҳия намудани китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба муаллифону масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
 
Аз рӯйи масъалаи дуюм гузориши котиби масъули Шурои миллии таҳсилот вобаста ба тасдиқ намудани Нақшаи кори Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2024 манзури ҳозирин гардид.
 
Дар охир аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм ҷиҳати ҷиҳати дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бознигарӣ ва арзёбӣ намудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, ҳамзамон ба талаботи замон мутобиқ сохтани оройиши китобҳои дарсӣ ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа ба масъулини сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.