БАРГУЗОРИИ АВВАЛИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22-04-2024
22-юми апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳии “Аввалин фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, кормандони соҳаи маориф, ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 35 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд.
Сараввал, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ аз равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ёдовар шуда иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам намудааст.
Сипас, Р. Саидзода қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар навбати худ ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат равобити наздикро бо вазорату ниҳодҳои самти маорифи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба роҳ монадааст. Ҳамасола тибқи бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико ҳазорҳо донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.
Дар идома ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи он оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни ҳам суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соати 09:00 дар “ЭКПОЦЕНТР-ДУШАНБЕ” бо иштироки 35 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои ҷаҳон намоиши шароити таҳсил, будубош ва имкониятҳои донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргузор гардид ва аз намоишгоҳ хонандагону донишҷӯёни тоҷик дидан карданд. Фестивали мазкур аз 22-юм то 26-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд идома меёбад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон