БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИИЯВИИ ҲАРБИ-ВАРЗИШИИ "ВАТАНПАРВАР" ДАР НОҲИЯИ РАШТ

18-04-2024
Бо мақсади дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбият намудани насли наврас Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ"- и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои 9-11 -и муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳурииявии ҳарби-варзишии "Ватанпарвар" -ро роҳандозӣ, ташкил ва баргузор карда истодааст.
16-уми апрели соли равон дар ноҳияи Рашт даври минтақавии озмун бо иштироки 5 даста аз ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт ва Лахш доир гардид.
Дар даври минтақавии мусобиқаи ҷумҳурииявии ҳарби-варзишии "Ватанпарвар" дар ноҳияи Рашт бо гирифтани имтиёзҳои хуб, ноҳияи Сангвор ҷойи якум, ноҳияи Лахш ҷойи дуюм ва ноҳияи Рашт ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.