БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШӢ - "ВАТАНПАРВАР" ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

22-04-2024
Бо мақсади дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ"- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои 9-11 -и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мусобиқаи ҷумҳурииявии ҳарбӣ-варзишӣ -"Ватанпарвар" -ро роҳандозӣ, ташкил ва баргузор карда истодааст.
Дар шаҳри Турсунзода даври минтақавӣ бо иштироки 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав доир гардид.
Дар даври минтақавии мусобиқаи ҷумҳурииявии ҳарби-варзишӣ - "Ватанпарвар" дар шаҳри Турсунзода бо гирифтани имтиёзҳои хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи якум, шаҳри Турсунзода ҷойи дуюм ва шаҳри Ваҳдат ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои
таҳсилоти иловагӣ"- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон