БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

07-06-2024
7-уми июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи хониши идоравии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони раёсат, шуъба, бахш ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими самарабахши фаъолияти вазорат ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои одобу ахлоқ, тартиби интизоми меҳнат ва эҳтирому боварӣ ба якдигар пайваста бо ҷалби олимону коршиносон ва иштироки васеи кормандон хониши идоравӣ доир карда мешавад.
Сараввал маросими савгандёдкунии химатчиёни давлатӣ, ки тоза ба хизмати давлатӣ ворид шудаанд баргузор гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки “Тартиби савганд ёд кардани хизматчии давлатӣ” дар асоси моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” мавриди амал қарор мегирад ва шаҳрванде, ки бори аввал ба хизмати давлатии маъмурӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана савганд ёд мекунад.
Сипас, Давлатзода Маъруфҷон сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдаки Вазорати маориф ва илм оид ба шарҳи бобҳои 3 ва 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” суханронӣ намуд.
Дар охир мавзуи матраҳгардида миёни ҳозирин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон