БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ...

22-06-2024
22-июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи хониши идоравии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими самарабахши фаъолияти вазорат ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои одобу ахлоқ, тартиби интизоми меҳнат ва эҳтирому боварӣ ба якдигар пайваста бо ҷалби олимону коршиносон ва иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм хониши идоравӣ доир карда мешавад.
Сипас, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавзуи “Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ - омили ташаккул ва инкишофи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ” суханронӣ намуд.
Дар охир мавзуи матраҳгардида миёни ҳозирин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён фикру музокираҳои худро баён намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон