БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ГАНҶ”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

14-07-2023
14-уми июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Дилрабо Ашурова – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Каримзода – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ҷамшед Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм, Дилшод Сафарзода – муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахш, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос карда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳимии низоми иҷтимоӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад.
Сипас, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҳисобот дод. Мавсуф таъкид намуд, ки ташкилоти ибтидои ҳизбии «Ганҷ» бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, аз ҷумла, афзалият додан ба таҳсилоти томактабӣ, фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, компютерҳои замонавӣ, видеопроекторҳо, тахтаҳои электронӣ, бунёд намудани муассисаҳои таълимии типпи нав дар минтақаҳои нави аҳолинишин, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгории соҳибтахассус, рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисоне, ки дар ҷумҳурӣ ба таълим фаро гирифта намешаванд ва тадқиқоти илмии барои кишвар афзалиятнок, васеъ намудани доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ, фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва чанде дигар корҳои зиёдеро амалӣ намудааст.
Дар идома аъзоёни ташкилот ба музокира баромада, ҳисоботи роҳбарияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Сипас, Дилрабо Ашурова – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Каримзода – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни баромади худ иброз доштанд, ки дар тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расонидани фардеро, ки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад, ҲХДТ саҳми назаррас дорад. Зимнан оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби идеологияи солими миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа аст, ки манфиатҳои миллиро дифоъ, Истиқлоли давлатиро таҳқим, ягонагии давлат ва миллатро ҳифз ва низоми дунявияти идоракунии давлатро нигоҳ дорад.
Дар охир ба як қатор кормандони вазорат “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои Вазорати маориф ва илм, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тақдим гардида, ба кормандон и нав таъингардида, ки аъзои ҳизб гардидаанд, дафтарчаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон