БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ГАНҶ”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ...

26-06-2024
26-уми июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Фозил Обидзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Муродов – муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Каримзода - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини якум, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахш ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос карда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳимии низоми иҷтимоӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки аҳамияти таърихиву сарнавиштсози Рӯзи Ваҳдати миллӣ тамоми кормандони соҳаи маорифро рӯҳбаланд намуда, баҳри иҷрои вазифаву уҳдадориҳо ва пойдор шудани ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот ангеза мебахшад.
Сипас, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” вазири маориф ва илм ҳисобот дод. Мавсуф таъкид намуд, ки ташкилоти ибтидои ҳизбии «Ганҷ» бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, аз ҷумла, афзалият додан ба таҳсилоти томактабӣ, фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, компютерҳои замонавӣ, видеопроекторҳо, тахтаҳои электронӣ, бунёд намудани муассисаҳои таълимии типпи нав дар минтақаҳои нави аҳолинишин, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгории соҳибтахассус, таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ, васеъ намудани доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ, фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва чанде дигар корҳои зиёдеро амалӣ намудааст.
Дар идома аъзоёни ташкилот ба музокира баромада, ҳисоботи роҳбарияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Сипас, Фозил Обидзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Муродов – муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Каримзода - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур зимни баромади худ иброз доштанд, ки дар тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расонидани фардеро, ки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад, ҲХДТ саҳми назаррас дорад. Зимнан, оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби идеологияи солими миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа аст, ки манфиатҳои миллиро дифоъ, Истиқлоли давлатиро таҳқим, ягонагии давлат ва миллатро ҳифз ва низоми дунявияти идоракунии давлатро нигоҳ дорад.
Дар охир ба як қатор кормандони вазорат “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои Вазорати маориф ва илм, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тақдим гардида, ба кормандони нав таъингардида, ки аъзои ҳизб гардидаанд, дафтарчаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон