БАРГУЗОРИИ МАРҲИЛАИ СЕЮМИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ ТАТБИҚИ НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА

19-06-2024
19-уми июни соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе бо мақсади ба роҳ мондани низоми нави баҳогузории бисёрхола марҳилаи сеюми семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорати маориф ва илм, мушовирони фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷики раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорони фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷики синфи 5 аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ тақозои замони муосир буда, моро мебояд, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешем.
Гуфта шуд, ки санҷидан ва арзёбӣ кардани дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагон дар раванди таълим яке аз муҳимтарин омилҳои рушди зеҳнӣ, бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон барои фарогирии дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо буда, яке аз воситаҳои муҳимми назорати падару модарон нисбат ба фаъолияти таълимии фарзандон мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати идомаи ислоҳот дар ин самт Вазорати маориф ва илм семинарҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст.
Дар рафти баргузории семинар доир ба мавзуъҳои матраҳшуда миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифта, ҳамзамон аз ҷониби мушовирони маҳаллӣ ва иштирокчиёни семинар бозиҳои шавқовари ахлоқӣ ва тарбиявӣ сурат гирифт.
Дар марҳилаи сеюми семинари мазкур мушовирони фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик аз раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорони фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷики синфи 5 аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба робитаи мутақобила бо хонанда, арзёбии сатҳи дониш, баҳогузории малака ва маҳорати хонандагон, тартиби қайдҳо дар журнали синфӣ ва рӯзномаи хонанда маълумот мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур се рӯз идома намуда, ҷамъбасти он 20-уми июни 2024 дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон