БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ ДИРЕКТОРОНИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО, МАКТАБҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ, ЛИТСЕЙҲО БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ВА МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲОИ МАҚОМИ ҶУМҲУРИЯВИДОШТА

28-08-2023
Имрӯз, 28 августи соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 дар шаҳри Душанбе машварати директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ қайд намуд, ки тайи солҳои охир маҳз бо дастуру ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар дар роҳи мутобиқ шудан ба стандартҳои байналмиллалӣ гомҳои устувор бардошта истодааст. Натиҷаи ҳамин пешрафтҳои соҳа аст, ки сол ба сол ҳаракати олимпӣ дар кишвар рушд карда, имсол 8347 нафар дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуданд. Ин моро водор месозад, ки минбаъд низ дар вусъат бахшидани ҳаракати олимпӣ ва беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳое, ки хонандагонро ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ омода мекунанд, фаъол бошем.
Дар идома маърузаҳои директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва мактабҳои президентӣ шунида шуд.


Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон