БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ АЗ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ-ГУМАНИТАРӢ

24-05-2023
24 майи соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, кормандони раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал Лутфия Абдухолиқзода қайд намуд, ки мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, махсусан, ташкили озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии насли ҷавон, беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй мебошад.
Сипас иштирокчиён бо тартиби баргузории олимпиада аз тарафи масъулин шинос шуда, вобаста ба равия ва фанҳо байни худ сабқатро оғоз намуданд.
Дар олимпиада 55 нафар донишҷӯён аз 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 4 фан: забони англисӣ, таърих, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус иштирок намуданд.
Ҷамъбасти олимпиадаи мазкур пас аз натиҷагирӣ баргузор мешавад.





Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон