БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ РАСМИ БЕҲТАРИНИ КӮДАКОНА ДАР МАВЗУИ «ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР» ВА «ОТАШНИШОНИ НАВРАС»

29-05-2024
Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба Рӯзи  байналмилалии муҳофизати кӯдакон, бо ташаббуси   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2024 даври ҷамъбастии нахустин  озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзуи «Қоидаҳои бехатари аз сӯхтор»  ва «Оташнишони наврас» дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе  баргузор гардид.
Чорабиниро муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзод ва муовини вазири корҳои дохилии Нозимҷон Иброҳимзода ифтитоҳ намуданд.
Озмуни мазкур бо мақсади тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шуҷоату далерӣ, мардонагӣ ва баланд бардоштани савия ва малакаи дониши онҳо баҳри риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин ҳифзи моликияти давлатӣ ва хусусии шаҳрвандон  баргузор карда шуд.
Озмун  дар асоси талаботи Низомнома озмун байни хонандагони синфҳои 4-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар чор давр баргузор гардида, ғолибони даври сеюм имрӯз дар даври ҷамъбасти иштирок намуданд.
Дар даври ниҳоии озмун  ғолибон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар умум 21 нафар, аз ҷумла 11  нафар ғолибон ва 10 нафар иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ қадрдони карда шуданд.