Баргузории семинар оид ба “Омода намудани ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025) ва озмоиши маҳаллии PISA 2024”

21-02-2024
21-22-юми феврали соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар оид ба “Омода намудани ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025) ва озмоиши маҳаллии PISA 2024” баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари лоиҳаи “Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Штефан Зиверт, намояндагони лоиҳаи PISA, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва дигар кормандони ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.
 Гуфта шуд, ки мақсади асосии семинар аъзо шудан ба барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025) мебошад, ки Вазорати маориф ва илм онро соли 2025 татбиқ мекунад. Зеро дар шароити замони муосир истифода намудани таҷрибаҳои ҷаҳонӣ барои рушди соҳаи маориф саҳми арзанда мегузорад. 
Муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар навбати худ зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ буда, ҷиҳати татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур чораҳои судмандро меандешад.
Дар охир миёни ҳозирин оид ба масъалаҳои ироашуда табодули афкор сурат гирифт.