БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БАРОИ НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА

10-06-2024
Имрӯз, 10-уми июни соли 2024 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе бо мақсади ба роҳ мондани баҳогузории бисёрхола тибқи талаботи “Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Шарофиддин Асомиддинзода ва зиёда аз 200 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардид.
Семинарро муовини якуми вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар эътироф гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ислоҳоти он пайгирона ва бомаром идома ёфта истодааст. Дар раванди ислоҳот масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо омӯзгорон, стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои иловагии таълимӣ ба андозаи зарурӣ ҳалли худро ёфтааст. Масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи дониш, малака ва маҳорати амалии хонандагон имрӯз аз муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маориф буда, гузариш ба низоми баҳогузории бисёрхола яке аз самтҳои асосии татбиқи ислоҳоти соҳа ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон чунин таъкид доштанд: “Ба мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад”.
Гуфта шуд, ки санҷидан ва арзёбӣ кардани дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагон дар раванди таълим яке аз муҳимтарин омилҳои зеҳнӣ, бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон барои фарогирии дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо буда, яке аз воситаҳои самарабахши назорати падару модарон нисбати фаъолияти таълимии фарзандон мегардад. Маҳз тавассути баҳогузорӣ дониши хананда арзёбӣ мегардад ва падарону модарон ба воситаи он раванди донишазхудкунии фарзандонро назорат карда, бо омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Дар семинари мазкур омӯзгорон оид ба робитаи мутақобила бо хонанда, баҳогузорӣ ба ҷавобҳои шифоҳии хонанда, тартиби қайдҳо дар журнали синфӣ ва рӯзномаи хонанда маълумоти мегиранд.
Семинари мазкур се рӯз идома карда, дар охир ба иштирокчиён аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сертификат тақдим мегардад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон