БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ЯКҶОЯИ ТАШКИЛОТҲОИ МИЛЛИВУ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МУАРРИФИИ МАРКАЗИ ТАҲЛИЛ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ

14-02-2024
14 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар меҳмонхонаи Hayat Regency семинари якҷояи ташкилотҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва муаррифии Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, намояндагони дигар шарикони рушд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Сафарзода Дилшод зимни сухани ифтитоҳӣ аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуд. Муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки яке аз омилҳои рушди соҳа ҳамкорӣ бо шарикони рушд буда, Вазорати маориф ва илм аз ҳамкорӣ бо ниҳоду созмонҳои байналмилалӣ қаноатманд мебошад.
Сипас, директори Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ Насимҷон Давлатзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳадафи асосии таъсиси марказ ин ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо бо шарикони рушд буда, маркази навтаъсис дар семинари имрӯза қадамҳои аввалини худро дар роҳи ҳамкориҳои муфид мебардорад.
Дар идома, масъалаҳои зиёде, аз ҷумла рафти таҳия, мувофиқа ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, нақшаҳои рушд, гирдоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ оид ба соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, вазъи таълиму тарбия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби мутахассисони дохилию берунӣ, мураттибон, тарҷумонҳо, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани таҳлили соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас дар доираи масъалаҳои ироашуда миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон