БАРГУЗОРИИ ШУРО ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНИИ НАЗДИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21-06-2024
21-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” Шуро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардори раёсати ҳамкории Иттиҳоди Аврупо Марк Бухманн, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эри Двиведӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Сараввал, зимни сухани ифтитоҳӣ Раҳим Саидзода аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки тайёр намудани мутахассисони варзида, баланд бардоштани тафаккури техникии хонандагону донишҷӯён дар ҷаҳони пешрафти илму техника барои вусъат бахшидани маорифи миллӣ омили таъсиррасон мебошад.
Дар идомаи қисмати ифтитоҳӣ сардори раёсати ҳамкории Иттиҳоди Аврупо, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён суханронӣ намуда, қайд карданд, ки рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канори илму навоварӣ ва технологияи муосир назаррас буда, дар марҳилаи нав қарор дорад.
Сипас, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ” Комрон Муҳаммадраҷабзода оид ба “Ҳолати пайвастшавии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет”, муаррифии “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” ва сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Нурулло Убайдуллозода оид ба “Шакли нави Низоми иттилоотии идоракунии маориф ва илм” суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки шурои мазкур тақвият додани пойгоҳи иттилоотӣ ва коммуникатсионии муассисаҳои таълимӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва дигар масъалаҳоро фаро мегирад ва барои рушди маорифи миллӣ як омили таъсиргузор ба ҳисоб меравад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон