БАРГУЗОРИИ XXIX КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ДОНИШҶӮЁНУ АСПИРАНТОН ТАҲТИ УНВОНИ «РАДИОЭЛЕКТРОНИКА, ЭЛЕКТРОТЕХНИКА ВА ЭНЕРГЕТИКА»

16-03-2023
16 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишкадаи энергетикии Москваи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон XXIX конференсияи байналмилалии илмию техникии донишҷӯёну аспирантон таҳти унвони «Радиоэлектроника, электротехника ва энергетика» ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур донишҷӯён, аспирантон ва докторантҳо аз 22 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Миср, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории конференсияи мазкур рушди фаъолияти эҷодии донишҷӯён, аспирантҳо ва олимони ҷавон, чалб намудани онҳо ба ҳалли проблемаҳои таъхирнопазири соҳаи энергетика, нигоҳ доштан ва инкишоф додани фазои ягонаи илмиву таълимӣ, ба роҳ мондани робитаҳо байни ҳамдигар буда, дар он масъалаҳои асосии саноати энергетикии Осиёи Миёна баррасӣ гардид.
Дар конфронс иштирокчиён бо мушкилоти муосири радиоэлектроника, электротехника ва энергетика, ҳисоботу баррасиҳои олимони пешқадам ва навгониҳои охирини илму техника шинос гардиданд.
Дар анҷоми конференсия ба иштирокчиён диплом ва сертификатҳо супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли чорум аст, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Москва конференсияи байналмилалии илмию техникии донишҷӯёну аспирантон таҳти унвони «Радиоэлектроника, электротехника ва энергетика» баргузор мегардад.
Маркази марбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон