БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОНҲОИ РУСИЮ АНГЛИСӢ ВА МУШОВИРОНИ РАЁСАТУ ШУЪБАҲОИ МАОРИФ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ШУРУЪ ГАРДИД

20-12-2022
20-уми декабри соли равон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба кабинетҳои лингафонӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русию англисӣ ва мушовирони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маориф баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин омӯзгорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки имрӯзҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои русию англисӣ тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Бо ин мақсад, аз ҷониби мутахассисони соҳа Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ иборат аз 400 калима таҳия гардида, барои ҳамаи кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 5 – 11 ҳатмӣ дониста шуда, ҷиҳати аз худ намудан дастраси сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф гардонида шуда, шакли электронии он дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сомонаҳои зерсохторҳои он ҷой карда шудааст.  Дар баробари ин, аз ҳама роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон тақозо карда шудааст, ки дар амалигардонии ин иқдоми Вазорати маориф ва илм масъулияти баланд нишон дода, зимни азёд кардани луғат хонандагонро раҳнамоӣ ва назорат кунанд. 
Дар идома таъкид гардид, ки семинари омӯзишии имрӯза оид ба кабинетҳои лингафонӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русию англисӣ ва мушовирони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои такмили маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои забонҳои русию англисӣ равона шудааст.
Дар идома созмондиҳандагони семинар оид ба рафти татбиқи “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025” ва “Барномаҳои давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маълумоти мушаххас пешниҳоди иштирокдорон намуданд. 
Семинар ду рӯз идома ёфта, мавзуъҳо вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи рақамӣ, бартарият, аҳамият ва намудҳои дарсҳои видеоӣ, кор бо таҷҳизоти лингофонӣ мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор дода шуда, ҳамзамон, тавсияҳо барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифодаи воситаҳои рақамӣ омода гардида, дастури методӣ оид ба истифодаи самараноки маводи рақамӣ дар раванди таълим муаррифӣ карда мешавад.
 
Сабрина ҒАФУРЗОДА