БАРРАСИИ АМАЛИШАВИИ “СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030”

03-05-2023
3 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласа ҷиҳати баррасии амалишавии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Нахуст Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаро оғоз карда, қайд намуд, ки мақсади асосӣ ва дарозмуҳлати “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бунёди низоми самараноки маориф аст, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё месозад. Стратегияи дарозмуҳлати соҳаи маориф ба бартариҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” инъикос ёфтаанд, такя карда, ба мақсад ва вазифаҳои “Ҳадафҳои рушди устувор барои солҳои 2015- 2030” мутобиқат мекунад.
Бандҳои стратегияи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати амалишавии қисмҳои дахлдори “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар охир, муовини якуми вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон