БАРРАСИИ БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016 – 2020

12-03-2020
12 марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти татбиқи қисмати 4.3.-и «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти чорабинӣ вобаста ба татбиқи қисмати дахлдори Барнома ҳисоботи коршиноси Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова шунида шуд.
Дар муҳокимаи масъала намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фаъолона ширкат варзида, таклифу пешниҳоди худро вобаста ба тақвияти фаъолият дар татбиқи барнома иброз намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, беҳтар намудани таъминоти муассисаҳои таълимӣ ба об ва беҳдошт, ҷалби сармояи хусусӣ минбаъд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон