БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ОЗМОИШГОҲҲОИ ИННОВАТСИОНӢ

13-06-2024
13-уми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба озмоишгоҳҳои инноватсионӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони хазинаи кӯдакон ЮНИСЕФ ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даври то соли 2030, бо мақсади омӯзонидани донишу малакаҳои ҳаётан муҳим ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии наврасону ҷавонон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои инноватсионӣ таъсис дода шудааст. Мақсад аз ташкили озмоишгоҳҳои инноватсионӣ ин рушд додани маҳорату малака ва эҷодкории наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Сипас, Муяссара Давлатзода директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм оид ба фаъолияти озмоишгоҳҳои инноватсионии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар баробари фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назаррас масъулини озмоишгоҳҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба технологияҳои коммуникатсионӣ ба роҳ монанд.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, ва консепсия дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон