БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

14-05-2019
14-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷаласа оид ба фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар ба роҳ мондани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ баргузор шуд, ки дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Розиқзода - раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорону ноибони ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва раисони шӯроҳои диссертатсионӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа доир ба вазъи шӯроҳои диссертатсионӣ ва рисолаҳои илмии ҳимояшуда суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар баробари муваффақиятҳо ҳанӯз ҳам камбудиҳо зиёданд, ки ислоҳи онҳо аз ҳар яки мо масъулияти бештар мехоҳад. Ҳамзамон, ба масъулин дастур дод, ки ҳангоми дифои рисолаҳои номзадию докторӣ бештар ба сатҳу сифати рисолаҳо диққат дода шавад.
А. Розиқзода - раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тамдиди муҳлати шӯроҳои диссертатсионӣ, муносибати ҷиддӣ намудан ҳангоми қабул ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ҷой доштани хатоҳои имлоию грамматикӣ дар рисолаҳо, таъйини муқарризону комиссияи ташхисӣ барои рисолаҳо ва чанде дигар изҳори андешa намуд.
Нуриддин Саид - вазири маориф ва илм зимни суханронии худ вобаста ба фаъолияти ихтисосҳои амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки аз 323 ихтисоси амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 100 ихтисосе мавҷуд аст, дар он олими унвондор кам аст, ё умуман нест. 
Ҳамчунин, Нуриддин Саид таъкид дошт, ки ҳадаф аз таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зиёд намудани теъдоди омӯзгорони унвондор не, балки ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор додани саҳифаҳои норавшани таърихи миллати тоҷик, ривоҷ додани самтҳои афзалиятноки илм, хуб ба роҳ мондани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва ба ин восита муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО