БАРРАСИИ ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ БИЛЛИНГӢ ДАР САМТИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒИ ИҶОРАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

17-07-2024
Бо мақсади омӯзиши кор бо барномаи биллингии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ семинар барои мушовирони бахши китобдории шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва мутахассиони марказ баргузор гардид.
Дар семинар қадамҳои аввали кор бо барномаи биллингӣ, аз қабили ворид намудани маълумот оид ба номгӯй ва шумораи китобҳои дарсӣ, рӯйхати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзонида шуд.
Дар семинарҳои оянда омӯзиши қадамҳои навбатии барнома ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бо мақсади ба низом даровардани пардохти маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барномаи махсуси биллингӣ таҳия карда шуд.
Шуруъ аз соли ҷорӣ истифодаи барномаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.