БАРРАСИИ ЛОИҲАИ НИҲОИИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ДОНИШКАДА

20-07-2024
Имрӯз, коркарди ниҳоии намунаи лоиҳаи «Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» бо назардошти пешниҳод ва таклифҳои мутахассисони соҳа ба анҷом расид ва барои баррасӣ ба ҷаласаи шурои олимони Донишкада пешниҳод гардид.
Стратегия ҳадафҳои зеринро фаро гирифтааст:
- таъмини дастрасӣ ба рушди мутаассили касбии кормандони соҳаи маориф;
- таъмини сифат ва самаранокии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
- рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва тақвияти низоми идоракунии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.
Ҷиҳати татбиқи он нақша чорабиниҳои миёнамуҳлат дар ду марҳила таҳия гардиддаст.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таҳияи Стратегияи мазкур гурӯҳҳои корӣ таъсис додашуда, 16 маротиба вохӯрии гурӯҳи кории хурд ва 7 маротиба вохӯрии гурӯҳҳо бо намояндагони Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд баргузор гардид.
Чуноне, ки қаблан иттиллоъ дода будем, мақсади асосии Стратегия рақамикунонии низоми такмили ихтисос буда, он ҳуҷҷати дарозмуддати дохилии Донишкада ва филиалҳо он ба ҳисоб меравад.