БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030

11-10-2019
11-уми октябри соли 2019 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» баррасии лоиҳаи Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2021-2030 баргузор гашт. Дар кори семинар муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон Р. Мирбобоев, намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва аъзои шӯро оид ба баррасии лоиҳаи Стратегия иштирок намуданд. 
Дар оғози семинар Р. Мирбобоев қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо институтҳои соҳаи маориф ва шарикони рушд лоиҳаи Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2021-2030-ро дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 омода карда истодааст ва вохӯрии гурӯҳҳои кории имрӯза корро дар ин самт беҳтар мегардонад.
Дар идома мушовирони миллӣ И. Сафаров, А. Алиев, Р. Нурбаева доир ба корҳои анҷомшуда дар самти таҳияи лоиҳаи Стратегия суханронӣ карданд. 
Сипас, гурӯҳҳои корӣ дар самтҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва идоракунӣ ва молия лоиҳаи Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2021-2030-ро таҳлил ва баррасӣ намуданд.
Саймуҳаммади ИЗАТТУЛЛО