БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18-06-2019
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои марбут ба некӯаҳволии иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, ҳалли тадриҷии масъалаҳои иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вақте сухан дар бораи таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ меравад, барои онҳо, пеш аз ҳама, муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия хеле муҳим аст.
18-уми июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ҷаласа оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои (2021-2030) баргузор гашт. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ, дафтари ЮНЕСКО дар Алмато, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури иштирок намуданд.
Нуриддин Саид зимни сухани ифтитоҳии хеш таҳияи лоиҳаи Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои (2021-2030)-ро судманд арзёбӣ намуда, аз шарикони рушд барои дастгириҳои пайвастаашон барои густариш ва ривоҷи соҳаи маориф изҳори сипос намуд. Вазири маориф ва илм дар идома қайд намуд, ки моро мебояд дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021-2030) ба масъалаҳои таъмини пурраи омӯзгорони ихтисосманди фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, равоншиносон барои муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои синфҳои якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  сохтмони пурраи муассисаҳои таълимии садамавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, ва аз акрредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. 
Дар идома Л. Раҷабова-раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнаб Ал-Аззави-муовини сардори Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ, Лина Бенет-намояндаи дафтари ЮНЕСКО дар Алмато ва Стефано Еллеро- номояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Ҷаласса ду рӯз идома хоҳад кард ва вобаста ба зинаҳои таҳсилот маърӯзаҳо дар бахшҳои алоҳида мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО