БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАҲСИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР СУҲБАТ БО ВАЗИРИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

18-04-2024
Дар ҳошияи Ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Фалков мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар самтҳои илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, такмили ихтисоси омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, дар баробари дигар донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот ҷалб карда шаванд, чун дар замони муосир аз истеҳсолот дур будани таълим ба сифати он таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Ин пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия ба хушнудӣ пазируфта шуд ва қайд гардид, ки минбаъд донишҷӯёни тоҷик ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон