БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”

17-04-2024
17-уми апрели соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъдаи лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори миссияи ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Питер Райли, аъзои гурӯҳи корӣ, шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар ибтидо муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода қайд кард, ки ҷаласаи имрӯза иқдоми хубест ҷиҳати шиносоӣ аз рафти иҷрои корҳои анҷомёфта ва беҳтар намудани ҳамкориҳои дуҷониба бо лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем”.
Сипас, директори миссияи ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Питер Райли оид ба натиҷаҳо ва  фаъолияти лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар доираи амалишавии лоиҳа дар самти масъалаҳои калидию афзалиятноки соҳа - чопи китобҳои бадеии бачагона ва дастгирии техникӣ дар таҳияи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-4 ва гузаронидани озмоиши онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои назаррас ба анҷом расидааст. 
Тибқи нақшаи соли чорум лоиҳа уҳдадор гардидааст, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба теъдоди ҳаштсад ҳазор китобҳои бадеии бачагона чоп намояд. 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон