БАРРАСИИ ТАҲИЯИ "ЧАҲОРЧӮБАИ МИЛЛИИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

11-05-2024
Имрӯз дар осоишгоҳи "Сароб" дар доираи амалишавии қисми 1-и лоиҳаи "Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат" мизи мудаввар ҷиҳати таҳияи "Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" оғоз гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, мудири шуъбаи маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири байналмиллалӣ - Ҷулия Велитасаратоу иштирок доранд.
Қайд гардид, ки "Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бори аввал таҳия гардида, зимни таҳияи он таҷрибаи пешқадами низоми маорифи рушдкардаи давлатҳои дигар ва хусусиятҳои миллӣ ба инобат гирифта мешавад.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои механизми таҳия ва амалисозии "Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, самти фаъолияти минбаъда барои таҳияи ин санади муҳим муайян хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки кори мизи мудаввар дар давоми ду рӯз ба нақша гирифта шудааст.

Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илми
 Ҷумҳурии Тоҷикистон