БДТБ натиҷагирӣ шуд

26-11-2021
26-уми ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”-и Душанбе чорабинии хотимавии Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат марҳилаи 1, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марк Бухман, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода, инчунин, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Нахуст Марк Бухман-сардори шуъбаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, марҳилаи 1 сухан намуда, иброз дошт, ки татбиқи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1 тавассути татбиқи ду лоиҳа – “Кӯмаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илм дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон; арзёбии омӯзиш, банақшагирӣ, банақшагирии молиявӣ ва мониторинг ва таҳияи барномаи таълимӣ” ва “Кӯмаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон барои системаи ибтидоии касбӣ” амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, Гулчеҳра Ғанизода-муовини вазири маориф ва илм ва Алишер Ализода-муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сухан намуда, аз дастгирию ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори сипос намуданд. 
Бояд гуфт, ки Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, марҳилаи 1 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуда истодааст. Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, зерсохторҳои он амалӣ гардида, фаъолиятҳои асосии анҷомдодаи он дар раванди рушди минбаъдаи низоми маориф дастгирии мусбӣ барои тамоми кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат (БДТБ - I) барои ҳалли афзалиятҳои интихобшудаи миллӣ аз Стратегияи миллии рушди маорифи (СМРМ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаҳои миёнамӯҳлат оид ба татбиқи он то соли 2020 таҳия шудааст. Ин марҳилаи аввали дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба бахши маориф дар Тоҷикистон буд, ки як платформаи шарикӣ, муколама ва ҳусни тафоҳумро дар ин бахш ҷиҳати омодагӣ ба густариши татбиқи сиёсии ислоҳот, ки тавассути марҳилаҳои минбаъда дастгирӣ карда мешавад, фароҳам овард. Дар сатҳи сиёсӣ, татбиқи БДТБ - I дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ба рушди низоми муосири маориф мусоидат намуд, ки имконияти омода намудани шаҳрвандони донишманд, соҳибихтисос ва омодаи кор дар «ҷаҳони меҳнат»-ро пайдо намуд. Аз ҷумла, чорабиниҳои мушаххаси барнома бо мақсади баланд бардоштани натиҷаи таълим дар системаи таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ, ба роҳ мондани хизматрасонии самаранок ва муассири таълим саҳми худро гузоштааст.
Дар фарҷом аз ҷониби намояндагон ва мутахассисони Барнома доир ба натиҷа ва пешрафти лоиҳаи мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.